Тозагии табиат — шукуфоии Ватан.
Ба ифтихори 30-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омодагӣ ба ҷашни Наврӯз, бо иштироки кормандони Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АЯРБ НАНТ) шанбегии умумӣ баргузор гардид.
Ин чорабинӣ дар Маркази таълимии минтақавӣ ва озмоишгоҳи АЯРБ НАНТ доир шуда, роҳбарият ва кормандони Агентӣ фаъолона иштирок карданд. Директори Агентӣ таъкид намуд, ки ҳадафи баргузории шанбегиҳо ва шинонидани дарахтон — пеш аз ҳама тозагии табиат ва шукуфоии давлати мост.